- маст
- [مست]1. он ки шароби бисёр нӯшида, аз ҳолати табиӣ баромада, ҳолати бехудӣ пайдо кардааст; муқоб. ҳушёр; девона гурез, ки маст омад (зарб.)2. маҷ. касе, ки ба сабаби доштани молу давлат ё мансаб бисёр мағрур шудааст ва аз худ рафтааст: масти давлат, масти мансаб3. чорпое, ки аз серӣ болида ва саркаш шудааст: аспи маст, шутури маст; маст кардан а) ба ҳолати беҳушӣ овардан(-и машрубот); б) аз худ равондан, мағрур кардан(-и молу мансаб ва ғ.); маст шудан а) май нӯшида беҳуш шудан; б) маҷ. аз худ рафтан, мағрур шудан◊ масти аласт а) кит. масти азалӣ, ҳамеша маст; б) гуфт. сахт маст, масти гузаро, масти лояъқил; чашми маст чашми пурхумор, чашми пурнозу дилфиреб; масти хоб будан дар хоби сахт будан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.